ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМОЮ РОҲКУШОИ ҶАВОНОН АСТ.

Ёвон: Андеша  

Масъалаи сарвар, сарварӣ ва пешво аз замонҳои қадим диққати мутафаккиронро ба худ ҷалб намудааст. Масалан, файласуфи Юнони Қадим Арасту ба масъалаи сарварӣ диққати махсус дода, дар ин мавзӯъ асаре бо номи «Сиёсат» таълиф кардааст.

Ӯ дар асари мазкур доир ба моҳият ва хусусиятҳои давлат, аломатҳо ва мақомоти махсуси онҳо андешаронӣ намуда, нақши хизматчиёни давлатӣ ва ҳарбиро дар ташаккули давлатдорӣ дар мадди аввал мегузорад.

Мутафаккири Шарқ Абўнасри Форобӣ дар бораи бунёди ҷомеаи идеалии «мадинаи фозила» сухан ронда, андешаҳои сиёсиашро баррасӣ намудааст. Дар саромади «мадинаи фозила» подшоҳон истодаанд. Ба ақидаи Форобӣ подшоҳ, ки худ донишманд ва хирадманд аст, аҳли ҷомеаро аз паси худ мебарад.

Вобаста ба ташаккули давлати навини тоҷикон андешаронӣ карда, мехоҳам нуқтаи муҳимеро ёдовар созам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба бўҳрони шадид мувоҷеҳ шуда буд. Он замон мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гашта буд.

Дар он лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик сарваре лозим буд, ки воқеан тафаккури миллӣ дошта бошад ва барои сулҳу Ваҳдат ҷони худро дареғ надорад.

Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад.

Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерўҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд.

Аввалин даъват дар нахустин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонистанд, ки дар дили ҳазорҳо ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшанд. Бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшиданд.

Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ўҳда доранд, бо равшанӣ маълум гашт, ки он кас дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархўрдоранд. Ҳамин сифатҳои олии фитрӣ боис гаштанд, ки халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешво пазируфт.

Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир, ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дўстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи ҳамешагии хеш қарор додаанд. Он кас аз рўзҳои аввали ба мақоми сардори давлат интихоб шуданашон роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медиданд ва барои амалӣ кардани ин нақшаҳо шахсан саъю талош меварзиданд.

Ин нуқта дар муроҷиатномаи он кас «Ба халқи шарифи Тоҷикистон» аз 12-уми декабри соли 1992 хеле хуб зикр ёфтааст: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Раҳмонзода Муҳаммад-мутахасиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон