САҲМИ ХАТМКУНАНДАГОНИ СОЛИ 1994 ДАР ДОИРАИ "МАКТАБИ МАН"

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббуси навбатии ҳизбӣ ин "Мактаби ман" аст, ки шуруъ аз моҳи апрели соли равон бо мақсади дар амал татбиқ намудани  сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал амалӣ гашта истодааст. Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби собиқ хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21, деҳаи Бош- Қайнари Ҷамоати деҳоти Норин ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21  кӯмак расонида шуд. Хатмкунандагон пурра дар хариди тирезаҳои даромади бинои муассиса ба маблағи 12 000 сомонӣ кӯмак намуданд. Хатмкунандагони мазкур  иқдоми мазкурро бо  хушнудӣ пазируфтаанд. Дар доираи ҳамин иқдом хатмкунандагони муассисаи мазкур дар нақша доранд, ки  гирду атрофи биноро рангубор менамоянд.