АЗНАВСОЗИИ ПУЛИ МАҲАЛЛА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар бо маром идома дорад. Ҳар як сокини кишвари соҳибистиқлоли мо дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию созандагиро дар сатҳи маҳал анҷом дода истодаанд. Чунин як амали хайрхоҳона ва созандагӣ дар деҳаи Охуҷари Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем" роҳандозӣ карда шуд. Дар ростои амали созандагӣ сокинони деҳаи мазкур бо маром ба ҳашар баромада, пули даромадгоҳи деҳаро азнавсозӣ намуданд.  Муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар рафти ҳашар иштирок намуда, ба амали созандаи сокинони деҳаи Оҳуҷар баҳои баланд дода, амали мазкурро давоми сиёсати созандаи пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.