ДАРВОЗАИ МАҲАЛЛА ТУҲФАИ ҶАШНӢ ГАРДИД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба ифтихори ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Норин  ҳамчун рамзи ватандорӣ дарвозаи замонавӣ  ба истифода дода шуд. Дарвозаи мазкур бо саҳми ҳизбиён, сокинони деҳаи мазкур, ҷавонону шахсони эҳсонкор дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст. Дар расми ифтитоҳи дарвозаи мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок намуда, сокинони деҳаро бо туҳфаи ҷашнӣ табрик намуданд. Ҳамзамон, ба як қатор саҳмгузорони иншооти ҷашнӣ Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия супорида шуд.