КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ АСТ

Ёвон: Созандагони ватан  

Ҳамасола санаи 7 ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Имсол аз ин руйдоди фараҳбахшу таърихӣ 28-сол сипарӣ гардид. Бо ин мақсад дар 144 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия чорабинии мазкур дар доираи Қонуни Ҷумҳурии тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" таҷлил карда шуд. Дар толори ташкилоти ибтидоии Ғаюр-1, Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон чорабинии мазкур бо баргузории маҷлиси тантанавӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд, ки пур аз худшиносиву ватандорӣ буд. Ҷавонони соҳибистеъдоди ин боргоҳи илму маърифат, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" бо шукргузори аз давлати ободу озоди худ дар васфи ватани азиз шеърҳо қироат намуда, суруду таронаҳо хонданд. Роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳия ҷавонон ва ҳозиринро ба ин санаи муборак самимона шодбош намуданд.