ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АМАЛИ ШОИСТА АСТ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдати қишри ниёзманди ҷомеа, расонидани кумак ба шахсони ниёзманд яке аз амалҳоест, ки дар пайрави ба сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал амалӣ карда мешавад. Чунин як амали хайрхоҳона аз ҷониби ташкилоти ибтидоии шаҳраки Ёвон роҳбараш Ашурзода Нигина доир карда шуд. Ба ифтихори 28 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмурияти ташкилоти мазкур бо дастгирии соҳибкорони ҳудуди шаҳраки Ёвон як қатор ниёзмандонро аёдат намуда, ба онҳо кумаҳои яквақтаинаи пулӣ расониданд. Низмандон аз иқдоми мазкур хушнуд гардида, иқдоми мазкурро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.