БУНЁДИ ПУЛИ МОНИШГУЗАР ДАР ДЕҲАИ ҲАСАНӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Амр ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи ноҳияи Ёвон корҳои бунёдкориву ободонӣ равнақи тоза пайдо намуда истодааст. Дар ҳудуди деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов дарки муҳимияти ин масъала ба корҳои созандагӣ иқдом карда, вобаста ба талаботи аҳолии маҳал, иншооти нав бунёд менамоянд.

Дар деҳаи Ҳасании деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов пули мошингард мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ба иттилои раиси маҳалла, дарозии пул 40 метр ва бари он 3,6 метр буда, тавоноии вазнбардориаш 30 тоннаро ташкил медиҳад. Он аз ҷониби соҳибкорони маҳалла маблағгузорӣ шуда, тариқи ҳашари дастаҷамъонаи сокинон бунёд гаштааст.

Бо ба истифода додани ин пул мушкилоти сокинони деҳа бартараф шуд. То кушодашавии он сокинони деҳа тавассути сангоби дарёчаи Ёвонруд рафтуомад доштанд.

Дар кушодашавии пули мазкур ҳизбиёни ноҳия, узви КИМ ҲХДТ, раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро иштирок намуда ба саховатмандони маҳалла барои саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ гардонидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвонро сарфароз гардонид.