СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва дар доираи тадбиқи Амалиёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар мактаб-интернати ноҳия  бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ имрӯз дар муассисаи мазкур  бо иштироки директори муассиса Ҳасейнова Нуқра ва бо ҷалби донишмандону омӯзгорон ва бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷрибаву хонандагони синфҳои болоӣ «Соати сиёсӣ» баргузор карда шуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон», «Тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ» ва «Нақши 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон» суҳбат доир карда шуд.