АМАЛИЁТИ РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР ХУҶАҚАМБАР

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амалиёти Рӯзи ёдоварӣ ҳамчун ташаббуси ҳизбӣ чанд соли охир миёни мардуми ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёд пайдо намудааст. Рӯзи якшанбеии охири ҳар моҳ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии ноҳияи Ёвон  дар сатҳи маҳал роҳандозӣ карда мешавад.  Дар деҳоти Қамбарии Ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфоваи ноҳия низ Амалиёти мазкур дар сатҳи зарурӣ баргузор карда шуд. Субҳи барвақт аҳолии деҳот ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи оромгоҳро ободу зебо намуданд. Ҳамзамон дар ин рӯз дарвозаи оромгоҳ азнавзоӣ карда шуда, оромгоҳ аз алафҳо ва хасу хошокҳои зиёдатӣ тоза карда шуд.   Дар ноҳияи Ёвон 66 оромгоҳ мавҷуд аст, ки Амалиёти мазкур дар ҳамаи онҳо ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешавад. Дар амалиёти мазкур  шахсони фаъоли ҷомеа, волонтёрони ҳизбӣ барои тозаву озода намудани оромгоҳ, барои дар сатҳи баланд ташкил намудананд.