АМАЛӢ ГАШТАНИ АМАЛИЁТИ РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30 октябри   соли равон дар  доираи нақшаи чорабиниҳои Амалиёти умумивилоятии "Рӯзи ёдоварӣ"  дар оромгоҳҳои ноҳия "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор гардид.   Дар ноҳияи Ёвон 66 оромгоҳ мавҷуд аст, ки Амалиёти мазкур дар ҳамаи онҳо ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешавад. Оромгоҳи маҳаллаи Бош- Қайнари  Ҷамоати деҳоти Норин бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа волонтёрони ҳизбӣ барои тозаву озода намудани оромгоҳ, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ”  ва  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем! ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи оромгоҳро тозаву озода намуда, инчунин дар дохили оромгоҳ  мизҳо барои нишаст сохта шуд. Ҳамзамон дар рӯзи ҳашар эмомхатибон низ иштироки фаъолона намуданд.