АМАЛИЁТИ РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР ГУЛАФШОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Чунин иқдомҳои ободонӣ бо иштироки мардуми ободкори деҳаи Гулафшон дар оромгоҳи маҳал роҳандозӣ карда шуд. Дар ин рӯз аҳолӣ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, роҳрави оромгоҳро битонпӯш намуданд.    Дар ноҳияи Ёвон 66 оромгоҳ мавҷуд аст, ки Амалиёти мазкур дар ҳамаи онҳо ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешавад. Оромгоҳи маҳаллаи мазкур  бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа волонтёрони ҳизбӣ барои тозаву озода намудани оромгоҳ, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ”  ва  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем! ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи оромгоҳро тозаву озода намуда, инчунин дар дохили оромгоҳ  мизҳо барои нишаст сохта шуд. Ҳамзамон дар рӯзи ҳашар эмомхатибон низ иштироки фаъолона намуданд.