СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 81

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соати сиёсӣ иқдоми навбатии ҳизбиён аст, ки дар як муддати кутоҳ дар сатҳи маҳал ҳамовозии зиёд пайдо наумдааст. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81 низ соати сиёсӣ бо тартиби муайян ва тибқи нақшаи Амалиёти муштарак доир карда шуд.  Соати сиёсиро дар муассисаи мазкур, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаи интихоботии № 7 Абдуллозода Саёҳат пеш бурда,  атрофии  ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҷашни барои миллат муқаддас 30-умин солагрди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ андешаронӣ намуда, иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти роҳандозӣ намудани Амалиёти мазкур ва бо ин васила баланд бардоштани дарки сиёсии наврасону ҷавонон шоиста аст.