СОАТИ СИЁСӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГӢ-ФАРМАТСЕВТИИ ТОҶИКИСТОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар воқеъ илму маориф ягона самти афзалиятноки рушд додани ҷомеа ва ба ҳамин васила расидан ба ҳадафҳои неки инсониву фатҳи қуллаҳои эҷодист.

Дар толори Муассисаи давлатии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон  бо иштироки вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Муродов Сироҷиддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Абдуллозода Саёҳат соати сиёсӣ баргузор гардид.  Дар соати сиёсӣ аз ҷониби омӯзгорон Муродов Сироҷиддин ва Абдуллозода Саёҳат оиди 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон ва бо кор таъмин намудани мутахассисони оянда буд. Дар ҷараёни соати сиёсӣ нотиқон аҳли донишҷӯёнро таъкид намуданд, ки ояндаи ободи диёр аз донишу малака ва ҳисси ватандӯстии насли наврас вобастагии амиқ дорад. Бинобар ҳамин, зарур аст, ки донишҷӯёни имрӯза ҳамчун мутахассисони оянда ва муаррифгари давлату миллати худ бояд дар иҷрои вазифаҳояшон масъулиятпазир бошанд. Ба муҳассилини муассиса дастур дода шуд, ки дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи мазкур  изҳор намуданд, ки Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини фаъолияти онҳо мебошад. Аз ин рӯ барои иҷроиши ҳидоятҳои додашуда саҳмгузор хоҳанд буд.