СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАКТАБ-ЛИТСЕЙИ № 1

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар воқеъ илму маориф ягона самти афзалиятноки рушд додани ҷомеа ва ба ҳамин васила расидан ба ҳадафҳои неки инсониву фатҳи қуллаҳои эҷодист.

Дар толори Литсейи давлатии касбии техникии ноҳия бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 11 Содиқзода Манзарой ва иштироки хонандагони мактаб-литсейи № 1 соати сиёсӣ баргузор гардид.  Дар соати сиёсӣ аз ҷониби омӯзгор Содиқзода Манзарой оиди 30-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон ва бо кор таъмин намудани мутахассисони оянда буд. Дар ҷараёни мулоқот вакили муҳтарам аҳли нишастро таъкид намуд, ки ояндаи ободи диёр аз донишу малака ва ҳисси ватандӯстии насли наврас вобастагии амиқ дорад.