СОАТИ СИЁСӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар воқеъ илму маориф ягона самти афзалиятноки рушд додани ҷомеа ва ба ҳамин васила расидан ба ҳадафҳои неки инсониву фатҳи қуллаҳои эҷодист.

Дар толори Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббӣ бо иштироки вакили иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Муродов Сироҷиддин, соати сиёсӣ баргузор гардид.  Дар соати сиёсӣ аз ҷониби омӯзгор Муродов Сироҷиддин оиди 30-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон ва бо кор таъмин намудани мутахассисони оянда буд. Дар ҷараёни мулоқот вакили муҳтарам аҳли нишастро таъкид намуд, ки ояндаи ободи диёр аз донишу малака ва ҳисси ватандӯстии насли наврас вобастагии амиқ дорад. Бинобар ҳамин, зарур аст, ки донишҷӯёни имрӯза ҳамчун мутахассисони оянда ва муаррифгари давлату миллати худ бояд дар иҷрои вазифаҳояшон масъулиятпазир бошанд. Ба муҳассилини муассиса дастур дода шуд, ки дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи мазкур  изҳор намуданд, ки Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини фаъолияти онҳо мебошад. Аз ин рӯ барои иҷроиши ҳидоятҳои додашуда саҳмгузор хоҳанд буд.