РАФТИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 1

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 низ соати сиёсӣ бо тартиби муайян ва тибқи нақшаи Амалиёти муштарак доир карда шуд.  Соати сиёсиро дар муассисаи мазкур, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, вакили ҳизбӣ, раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Бобобеков Хусрав Раҷабекович пеш бурда,  атрофии ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҷашни барои миллат муқаддас 30-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ андешаронӣ намуда, иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти роҳандозӣ намудани Амалиёти мазкур ва бо ин васила баланд бардоштани дарки сиёсии наврасону ҷавонон шоиста аст.

Иштирокдорони соати сиёсӣ аз баргузории як соати озоду ошкоро он ҳам дар фазои сулҳу ваҳдат изҳори хушнудӣ намуданд.