ҶАВОНОН ДАР ТОЗАГИИ МАҲАЛ САҲМ МЕГУЗОРАНД

Ёвон: Созандагони ватан  

Бо мақсади тозаву озода намудани кучаҳои дохили шаҳраки Ёвон ва махсусан атрофи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон шанбегии умуми ташкил карда шуд. Дар рафти баргузории шанбегӣ ҷавонони фаъол, волонтёрон ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд. Бояд ёдовар шавем, ки ҷавонон атрофи бинои маъмурии ниҳоди ноҳиявии ҳизб ва кучаҳои ҳудуди шаҳракро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуда, бехи дарахтонро нарм намуданд.