ОБЁРӢ ДАР ДЕҲОТИ БӮСТОН-2

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо ташаббусҳои ҳизбӣ дар саросари вилояти Хатлон ҳамчун иқдоми навбатӣ роҳандозӣ карда мешавад. Обёрӣ  низ яке аз корҳои ободонӣ, яке аз корҳои созандагӣ ва иқдомҳои хайрхоҳона ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо чунин иқдомҳо пайваста амалӣ карда мешавад. Ин навбат аъзоёни ташкилоти ибтидоии Бӯстони деҳаи Бӯстон -2  аз масофаи 3 километр дурӣ  дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" ба деҳа об оварданд , ки ин ҳадаф дар роҳи расидан ба корҳои созандагӣ қадамҳои устувор аст.  Дар амали созандагӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ карда шудааст, саҳми соҳибкорони маҳал шоиста аст.