БУНЁДИ ТОЛОРИ ҶАВОНОН ДАР ДЕҲАИ ШИРИНЧАШМА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иқдомҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоляити давлатӣ дар ҳама гӯшаву канори ноҳияи Ёвон ташаббусҳои ҳизбӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" роҳандозӣ гардида истодааст. Чунин як иқдоми созандагӣ дар деҳаи Ширинчашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ҷараён дорад, ки бо дастгирии аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ, ҷавонони соҳибкор ва шахсони эҳсонкору саховатпеша  бо маром идома дорад. Маркази ҷавонон баъди ба истифода қарор ёфтан макони ҷавонон, толори баргузории чорабиниҳо хоҳад гардид, ки дар тарбияи насли наврас саҳми намоён мегӯзорад.