СОХТМОНУ БАРҚАРОРСОЗИИ ПУЛИ ДЕҲА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Роҳсозию пулсозӣ яке аз корҳои созандагӣ ва иқдомҳои хайрхоҳона ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо чунин иқдомҳо пайваста амалӣ карда мешавад. Ин навбат аъзоёни ташкилоти ибтидоии Бӯстони деҳаи Бӯстон -2  пули гузаргоҳи миёни деҳаро, ки 15 мтр дарози дошт дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" азнавсозӣ намуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандагӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Дар амали созандагӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ карда шудааст, саҳми соҳибкорони маҳал шоиста аст.