САНГФАРШ НАМУДАНИ РОҲИ ДЕҲА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гушаву канори ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Чунин як иқдоми созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  дар деҳаи Бустони -2 роҳандозӣ гардид, ки дар доираи иқдоми мазкур як километр роҳҳои миёни деҳа сангфарш гардонида шуд. Дар ҳашари мазкур хурду калони деҳа фаъолона иштирок намуданд. Ташаббускории раиси Кумитаи маҳал, раиси ташкилоти ибтидоии Бустон Ахмедов Шуҳрат барои ташаббускориву саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бо Сипосномаи ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуд.