АМАЛӢ ГАШТАНИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" яке аз ташаббусҳои ҳизбиест, ки дар як давраи начандон дарозе ҳамовозии зиёде миёни ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Ёвон пайдо намудааст. Хурду бузурги ноҳия дар ин кори хайру савоб, созандагию бунёдкорӣ ширкати фаъолона менамоянд. Чунин як иқдоми созандагӣ дар  ҷамоати деҳоти Чоргул роҳандозӣ карда шуд, ки сокинони маҳал ба ҳашар баромада, гирду атрофи оромгоҳи деҳаро пурра панҷарапӯш намуда, роҳрави оромгоҳро бетонпӯш сохтанд. Дар кори созандагӣ саҳми ҷавонон ва имомҳои масҷидҳо шоиста буд.