ИРОДАИ НОСОЛИМ ВА Ё ИВАЗИ НОМ БА ҶОЙИ ТАҚВИЯТ

Ёвон: Вокуниш  

Дар як муддати кутоҳ иваз намудани номи ҲНИ бо номи Паймони миллии Тоҷикистон, гурӯҳи 24 бо номи Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ин нишонаи зайифии сиёсатмадорони қолабӣ аст, зеро барои тақвияти ном ва ё ташкилот иродаи пурқудрат ва солим лозим аст, ки наҳзатиҳо онро надоранд.

Айнан чанд рӯз пештар  Ҷаласаи САҲА баргузор гардида буд, ки дар он душманони миллату давлати тоҷик, гурӯҳҳои терористӣ- экстремистӣ, аз ҷумъла ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ, гурӯҳи 24 ва дигар гурӯҳҳое, ки мухолифони давлату Ҳукумат ҳастанд, иштирок намуда буданд.

Маҳфилашон макони масхарабозон ва иғвоангезонеро мемонад, ки ҳадафашон коштани донаи кинаву бадбинӣ аст. Дар асл гирем қудрат ва мансаб мехоҳанд, ки насибашон намегардад. 

Дар як муддати кутоҳ иваз намудани номи ҲНИ бо номи Паймони миллии Тоҷикистон, гурӯҳи 24 бо номи Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Минбари муҳоҷир ва ғайра ин нишонаи зайифии сиёсатмадорони қолабӣ аст, зеро барои тақвияти ном ва ё ташкилот иродаи пурқудрат ва солим лозим аст, ки наҳзатиҳо онро надоранд.

Миллати тоҷик ва ягон Паймон, ҷунбиши ислоҳотӣ, минбари муҳоҷир ва ҳатто пуштибоне чун наҳзатиҳои пастфитрату манкурт ниёз надорад, зеро мо пуштибону такягоҳе чун Пешвои миллат дорем, ки ифтихори миллат ва давлати Тоҷикистон аст.

Ҳамчун як зан ва фарди Тоҷикистони азиз ҳар гоҳе, ки Парчами давлатиро паси он хоинон мебинам, дилам реш мешавад, тавон мехоҳам то Парчамамро азон макони носолим, аз он мавзеъи беадолатию пур аз хиёнат бардорам.  Парчами Тоҷикистон зеби дасти тоҷики асил, ватандору ватандӯст ва далеру  шуҷои миллат аст на зеби маҷлиси номардону хоинони Ватан.

Бо ҳамин мақсад намояндагони ТТЭ ҲНИ  аз минбарҳои баланди издиём баромада, мардумро  гумроҳ карда ба гирдиҳамоиҳои оммавӣ ва мубориза бар зидди ҳукумати амалкунандаи он вақтаина даъват менамуд. Аз нерӯи бузурги ҷавонони гумроҳ, ки дар он солҳо хату саводи динии кофӣ надоштанд истифода бурда, бо ҳар роҳу восита ва ҳилаву найранг онҳоро ба қатлу куштор ва ғоратгариву харобисозиҳо даъват мекард. Билохира ТТЭ ҲНИ мардуми тоҷикро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро байни ҳам ба низоъ андохт ва маҳз бо афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби мардум барои вайронии хонаи хеш аз кишвар ба назди хоҷагони худ фирор намуда муфти хубе низ дарёт кард.

Вақте, ки мардуми тоҷик дар хоку хун оғушта буданду, касе умеди зинда монданро надошту аз гуруснагӣ xон мебохтанд ва бехонаву дар гардида буданд, пешвоёни ТТЭ ҲНИ  бо зану фарзандонашон дар биноҳои боҳашамати давлати хориҷа зиндагонӣ мекарданд. Маишат намуда аз кори кардаашон  ҳаловат мебурданд ва ба ҳоли мардуми музлими тоҷик механдиданд.

Халқи оддӣ ба суханони онҳо бовар намуда ва зумрае аз шаҳрвандон ба онҳо пайравӣ  мекарданд. Онҳо дини мубини исломро барои худашон ниқоб намуда  мехостанд, шаҳрвандони зудбоварро барои татбиқи барномаҳои ботили худ гумроҳ намоянд. Дар интихоботҳо бо баҳонаи он ки “ба рӯи калимаи ислом хат кашидан куфр аст” мардумро фиреб медоданд. Мардуми зудбовар ба ин макру фиреби онҳо фирефта мешуданд.

Наҳзатиҳо дар баёни Истиқлолу арзишҳои он, Ваҳдат ва сулҳу субот сухан нагуед, зеро барои бунёди Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ саҳме нагузоштаед, баракс он ҳама нокомиҳо, хориву зориҳо бо ташаббуси шумо ба сари ин миллат омад.

         Мардуми куҳансолори тоҷикро мебояд пайи ҳақиқат талош варзанд ва қадри заҳмату талошҳои пайгирона ва ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасанд, зеро роҳи мо танҳо ягест, роҳи сулҳ, ваҳдат ва созандагиву бунёдкорӣ. Боқи Ваҳдату Истиқлолияти Тоҷикистон ҷовидона бошад.

Саёҳат Абдуллозода –муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон