ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ихтиёри худ 144 ташкилотҳои ибтидоӣ дорад, ки 97- адад ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар сатҳи деҳаву маҳаллаҳои ноҳия фаъолият менамоянд. Имрӯзҳо ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ноҳия дар ростои ташаббусҳои ҳизбӣ фаъолияти назаррас доранд. Ҳар яке кӯшиш менамояд, ки гӯшае аз маҳали худро обод созад. Чунин як иқдоми созанда дар партави ташаббуси ҳизбӣ ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем" дар ташкилоти ибтидоии Нурафшони деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх роҳандозӣ карда шуд, ки бо саҳми ҳизбиён, соҳибкорон ва ҷавонон кучаҳои маҳаллаи мазкур пурра чароғон карда шуд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иқдоми навбатии аъзоёни ташкилотро шоистаи офаринҳо хонда, давоми сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.