ШАНБЕГӢ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади  дар амал татбиқ намудани барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  аз 10 октябри соли 2022, №26 оиди то охири соли 2022 рӯзҳои шанбеии ҳар ҳафта бо иштироки ҳамаи кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳашарҳо ташкил намудан, санаи 15 октябри соли равон чунин як ҳашари умумӣ дар назди бинои Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид. Кормандони ҳизбӣ дастаҷамъона баҳри ободии як гӯшаи диёр ва дар амал татбиқ намудани Барқияи КИМ ҲХДТ гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияро тозаву озода намуда, дар он ҷо гулҳои ороишӣ шинониданд.