ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗРО БО ТУҲФАҲОИ АРЗАНДА ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади  дар амал татбиқ намудани барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  аз 10 октябри соли 2022, №26 оиди то охири соли 2022 рӯзҳои шанбеии ҳар ҳафта бо иштироки ҳамаи кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳашарҳо ташкил намудан, санаи 15 октябри соли равон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳашари шанбегӣ ташкил карда шуд. Чунин як ҳашари дастаҷамъона дар ташкилоти ибтидоии Ғаюр-1, Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон доир гардид. Дар ҳашари мазкур аъзоёни ҳизб фаъолона иштирок намуда, дар саҳни ҳавлии Коллеҷ ҳар гуна гулҳои ороиши шинонида, гирду атрофи муассисаро тозаву озода намуданд.