ҲИЗБИЁНИ ЁВОН СОҲИБИ ҶОМИ САЙЁР ГАРДИДАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 12 октябри соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гашт ва дар он аъзои раёсат, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо, чанде аз сармуҳосибони кумитаҳо ва мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок доштанд. Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаи кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва нақшаҳои ояндаи онҳо ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан, дар ин ҷаласа дар қатори баррасии дигар мавзӯъҳои алоқаманд пешсафон тибқи Рейтинги ҳизбӣ муайян гардида, дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд, ки  *бо Дипломи дараҷаи 1 ва “Ҷоми Сайёр” тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон сазовор гардид. Бояд ёдовар шуд, ки тими ҳизбиёни ноҳияи Ёвон дар ҷамъбасти фаъолияти шаш моҳаи соли равон низ, соҳиби ҷойи якум ва "Ҷоми сайёр" гардида буданд. Албата ин дастовард на танҳо заҳматҳои шабонарӯзии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, балки саҳми кулли ҳизбиён, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони ҳизбӣ, аъзоёни Раёсат ва Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон мебошад, ки ба ҳамаи онҳо ситқан ташаккур менамоем. Мо ҳизбиёни ноҳия пешсафиро аз даст нахоҳем дод.