ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР Т/И ҲУНАРМАНДОН

Ёвон:  

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони ноби Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Бедил ва дигар классикони адабиёти мо шукӯҳу ҷалоли аслии худро дубора ба даст овард ва ба маснади забони давлатӣ расид. Забони модарии мо аз ҷумлаи забонҳои қадимтарини дунёст, ки роҳи пурҳодисаи давру замонҳоро тай намуда, бо фасоҳату малоҳати бемисли худ то ба замони мо расидааст. Бо мақсади арҷ гузоштан ба забони давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҳунармандони Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон ҷашни Рӯзи забони давлатӣ бо шукуҳу шаҳомат ва фараҳмандӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ Содиқзода Манзарой ва омӯзгорону хонандагон дар васфи нақш ва манзалати забони давлатӣ суханрониҳо баргузор карда шуд.