ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ЁВОН

Ёвон:  

Ҳамасола рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар кишвар Рӯзи касбии омӯзгорон таҷлил карда мешавад. Бо мақсади арҷ гузоштан ба нақш ва манзалати омӯзгор дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 80-и ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳ ба ифтихори Рӯзи омӯзгор баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон иштирок намуда, омӯзгорони ноҳияро ба муносибати Рӯзи касбӣ ва ҷашни наҷибтарини касб таҳният намуд. Сипас ба омӯзгорони пешқадами ноҳия, собиқадорони соҳа аз ҷониби раиси ноҳия ва кумиати иҷроияи ҲХДт дар ноҳия Сипосномаҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.