САРОҒОЗИ ВАТАНДОРӢ, МАҲАЛДОРИСТ!

Ёвон: Андеша  

Дар кишвари соҳибистиқлоламон озодии виҷдон, эътиқод, ақида ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Пайравони дини ислом ва дигар оинҳои мавҷуда дар адои маросимҳои динӣ озодии комил доранд.

Инчунин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории мамлакат, қоидаҳо оид ба нигоҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросими мардумии миллату халқиятҳои муқими кишвар амалӣ карда мешавад.  
Нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо зери назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дошта, ба онҳо ҳамчун як макони муқаддас муносибат мекунанд. 

Тайи чанд соли охир Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” –ро ҳамчун ташаббуси созандаву ободкорӣ бо мақсади эҳтиром гузоштан ба расму оинҳои миллӣ, фарҳанги аҷдодии миллати тоҷик  ба роҳ монда, дар ин самт муваффақ низ гардидааст. Ташаббуси мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо дар ҳамбастагӣ бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ карда мешавад. Амалиёти мазкур рӯзи якшанбеи охири ҳар моҳ баргузор  мегардад.  Амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ”, ки бевосита ташаббуси ҳизбӣ мебошад, дар ноҳияи Ёвон дар як муддати кӯтоҳ ҳамовозии зиёде пайдо намуда, дар иқдоми мазкур хурду бузурги ноҳия иштироки фаъолона доранд. Ба тартиб даровардан, сохтани утоқҳои махсус барои хизматрасонии қабрканҳо, курсиҳо барои дуову фотиҳахонон, кашонидани хати об барои сарсабзу хурам гардидани дохилу атрофи оромгоҳ бо гулу бутаҳои ороишиву дарахтони ҳамешасабз, бо панҷараҳои гуногун атрофбандӣ намудани оромгоҳҳо амалҳоест, ки дар Амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ” аз ҷониби аҳолии ноҳия ва шахсони эҳсонкору хайрхоҳ анҷом дода мешавад.

Чунин як ташаббуси созандаву шоиста аз ҷониби роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии “Сомонҷон” (роҳбараш Мирзоев Маҳмадназар), “Ашурхол” (роҳбараш Мирзоев Фирӯз) ва “Шаҳбоз” (роҳбараш Мирзоев Гулмаҳмад) дар қабристони маҳаллаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти Чоргул бо мақсади эҳтироми гузаштан ба  камолоти ахлоқӣ роҳандозӣ карда шуд, ки ин нишонаи посдорӣ ва маънавии ҳар фарди покзамир далолат мекунад.  

Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз маблағҳои фонди захиравии худ даромадгоҳи қабристони деҳаро пурра аз навсозӣ намуда, онро бо шиору овезаҳо оро доданд, ки ин мавзеъ ҳар бинандаро мафтун менамояд. Даромадгоҳи қабристонро чароғон намуда, дар он ҷо ҳар гуна дарахтони сарсабз ва гулу бутаҳои ороишӣ шинонидаанд. Ҳуҷраи махсуси қабрканҳоро пурра аз таъмир бароварда, дар нақша доранд, ки рӯзҳои наздик дар даромадгоҳи қабристон курсиҳои замонавиро бо мақсади истироҳати зиёраткунандарон насб намоянд.

Ҳамзамон, иқдоми оилаи Мирзоевҳоро ҷавонони солҳои таваллуди 1988  пайравӣ намуда, роҳрави даромадгоҳи қабристонро дар масоҳати 0,2 битонпӯш намуда истодаанд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон иқдоми шоистаи оилаи Мирзоевҳо, роҳаброни хоҷагиҳои деҳқонии  “Сомонҷон”, “Ашурхол” ва “Шаҳбоз”-ро дар амалӣ намудани иқдоми ҳизбӣ, “Рӯзи ёдоварӣ” дар сатҳи маҳал шоистаи таҳсин ва мояи пайравӣ дониста, ба онҳо изҳори ташаккур менамояд ва умедвор ҳастем, ки иқдоми мазкур дар тарбияи маънавии инсонҳо таъсири нек гузошта метавонад.

Албатта, пайравӣ аз иқдоми мазкур, яъне   тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳ нишонаи риояи урфу одатҳои миллӣ мебошад. Дар баробари ободонии шаҳру ноҳияву маҳалҳоямон ба қабристонҳоямон низ бояд диққати махсус бидиҳем. Дар ин маврид иҷрои талаботи муқарраргардида барои пешгирии исрофкориву худнамоиҳо низ мусоидат мекунад.

 

 


Абдуллозода Саёҳат-муовини раиси

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон