ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ЁВОН

Ёвон:  

1.10.2022 дар ноҳияи Ёвон маросими тантанавии гусели даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллии кишвар доир гардид.

Беш аз 1000- нафар ҷавонони бонангу номуси ноҳияи Ёвон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ довталабона ба сафи Артиши миллии мамлакат пайвастанд, аз назди Комиссариати ҳарбии ноҳия то саҳни кохи фарҳанги ба номи Т. Хушвахтов роҳпаймоии идона намуданд.

Пас аз ифтитоҳи ҳамоиш раиси ноҳия, узви КИМ ҲХДТ муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро зимни ироаи сухани табрикии худ ба ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди ноҳия, ки барои адои хизмати низомӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсану офарин хонданда зикр намуданд, ки таҷлил намудани Рӯзи даъватшаванда ин арҷ гузоштан ба марзу буми аҷдодӣ, Артиши миллӣ ва пурра намудану таҳким бахшидани сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари маҳбубамон мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидан иброз дошта, ҷавононро «қувваи пешбаранда» тавсиф намуда, қайд карданд ки: «Барои насли наврас хизмат дар сафи Артиши миллии мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд».

Ҷамъомади имрӯзаи мову шумо барои таҷлил намудани Рӯзи даъватшаванда дар мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бахшида шудааст, баргузор мегардад.

Ба ҳамин хотир, ки мову шумо дар назди Кохи фарҳанги ноҳия ҷамъ омадем, то ин санаи фархундаро бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар таҷлил намоем. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, алалхусус ҷавонони ғаюру далери ноҳияамонро, ки имрӯз сарбаландона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар мегардед табрик ва таҳният гуфта, барои манфиату ободии Ватани маҳбубамон бароятон саодату шарафмандӣ таманно дорам.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, № 451 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ифтихормандем, ки 120 нафар ҷавонони ноҳия дар назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия курси кутоҳмуддати ронандагӣ ва 15 нафар дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия курсҳои ба сафи Артиши миллӣ заруратдоштаро омӯхта, пас аз соҳибкасб гардиданд имрӯз 51 нафари онҳо ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мешаванд.

Иқдоми ватандӯстонаи ҷавононе, ки имрӯз мехоҳанд либоси ҳарбиро ба бар карда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикисто мепайванданд, шоистаи таҳсин ва мояи ибрати ҳамсолони онҳост.

Барои ин иродаи ҷасуронаатон, ки дар ҳимояи Ватан равона гардидааст, дар адои хизмати бошарафи ҳарбӣ ба шумо бурдборӣ, тансиҳатӣ ва сабру матонат орзу менамоям.

Шумо, ҷавонони азиз, давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагон, ворисони асили сарзамини аҷдодӣ ва пайравони Пешвои муаззами миллат ҳастед, ки имрӯз бо ифтихор барои иҷрои масъулияти фарзандии худ дар назди халқу Ватан ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар мешавед ва боварӣ дорам, ки ба эътимоди Пешвои миллат сазовор мегардед.

Ҳамчунин, мо ба падару модароне, ки чунин фарзандони ватандӯст ва шуҷоатмандро тарбия намуда, ба камол расонидаанд, самимона изҳори сипос ва миннатдорӣ мекунем.

Мо боварии комил дорем, ки шумо ҷавонони шуҷоъи ноҳияи Ёвон бо ҷасорату кирдори ҷавонмардонаатон эътибори волидони худро дар ҷомеа баланд мебардоред.

Воқеаҳое, ки дар даҳаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқуъ пайвастанд, ҷавонони ғаюру далери моро боз ҳам водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи марзуми буми ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз бо ифтихори ватндорӣ ва садоқату самимият омода бошанд.

Ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ, хусусан ҷавонони ғаюр мебошад. Вақте мебинем, ки ҷавонони ноҳияи мо ба монанди падарони боору номуси худ бо ҷасорату далерӣ ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, умед ва бовариямон ба ояндаи орому осоиштаи Ватан қавитар мегардад.

Воқеан, хизмати Ватан-Модар вазифаи муқаддаси ҳар як сокини мамлакат, хусусан, ҷавонони ғаюр мебошад.

Дар қатори дигар ҷавонони ватандӯст имрӯз садҳо нафар ҳамдиёрони мо дар ҳама қисмҳои низомии кишвар сарбаландона хизмат ҳарбиро адо карда истодаанд.

Боварӣ дорам, ки шумо дар сафи Артиши миллӣ бо рафтору кирдор, иродаи қавӣ ва ҷасорату ҷавонмардии худ нуфузу эътибори падару модар ва ноҳияи худро баланд бардошта, пас аз адои қарзи фарзандӣ ҳамчун созандагони Ватан дар ободии Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзанда мегузоред.

Ҳунарнамоии санъаткорони Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” барномаи зебои театрикунонидашударо пешниҳоди аҳли ҳамоиш намуданд.

Сипас ба даъватшавандаҳо, супоридани шаҳодатномаи ронандагӣ ва маросими “нонгазон” сурат гирифт.

Ҳамоиши пуршукӯҳи ҷавонони ноҳияи Ёвон гувоҳи он буд, ки онҳо хизмат ба Ватан ва гузаштан аз мактаби мардонагиро барои худ мояи шараф ва ифтихор медонанд.