ТАЙЁРИ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШИ 2022-2023

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои банди 27-и нақшаи кори-2022 «Таъмиру сохтмони мактабу боғчаҳо дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон» масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз рафти корҳои таъмиру таҷдиди муассисаи таълимии №39-и ҷамоати деҳоти Тугарак дидан намуданд.

Бо ташаббуси аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Навбаҳор-МТМУ №39”  ва аз ҷониби кумитаи падару модарон, соҳибкорон ва саховатмандон таъмиру азнавсозии синфхонаҳо ба охир расида, корҳои рангубори беруни бинои таълимӣ  дар ҳоли анҷомёбист.