МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ НАВ ОМОДА АСТ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба соли нави таҳсил масъулини муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Восеъ бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва кумитаи падарону модарон омодагии ҳаматарафа дида истодаанд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳия дар баробари таъмиру тармим намудани синфхонаҳо, саҳн ба беруни муассиса низ бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, шахсони хайрхоҳ  ва падару модарон таъмиру таҷдид карда шуд.

Айни замон муассисаи номбурда ҳаматарафа ба истиқболи соли нави таҳсил омода буда, хонандагони худро мунтазир аст.