ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БАҲРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамаи он ташаббусҳои ҳизбие, ки роҳандозӣ мешаванд бо мақсади беҳбудии халқ ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст ва яке аз ташаббуси ҳизбие, ки маъмулу машҳур аст таҳти унвони “Якҷоя месозем!” мебошад, ки имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Восеъ хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва шахсони хайрхоҳ 0,5 километр роҳгузари кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия мумфарш карда шуд.