СОКИНОН БО ОБИ ОШОМИДАНИ ТАЪМИН МЕГАРДАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз амалҳои накӯтарин ин таъмини аҳоли бо оби нӯшокӣ мебошад. Бо ташаббуси сокинони деҳаи Шоҳбика, Ҷамоати деҳоти Тугарак хатти обӣ нӯшокӣ эҳё гардида, ба сокинон оби нӯшокӣ таъмин карда мешавад. Ин иқдоми хайрхоҳона дар арафаи ҷашни 31 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, дар рӯзҳои наздик корҳои сохтмониаш ба анҷом расонида мешавад.

Соҳибкорону саховатмандон дар ин кори хайр низ саҳми худро гузошта, талош менамоянд, ки ҷиҳати ободонии ҳар як гӯшаи сарзамини аждодӣ қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоянд.