ҶАШНИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО БО СОЗАНДАГИҲО ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои шароити мусоид фароҳам овардан ва зебо намудани роҳу кӯчаҳо иқдоми хайрхоҳона дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ  амалӣ карда шуд. Роҳгузари кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба масофаи 0,5 км сангфарш гардида, бо дастгирии кормандони ташкилоти ибтидоии МНДРА тахту ҳамвор карда шуд.

Соҳибкорону саховатмандон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ саҳми худро дар корҳои ободонию созандагии диёри худ гузошта истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин муддат бо ҷалби соҳибкорон ва нафарони имкониятдошта бо ташаббуси аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ қариб тамоми кӯчаҳову маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия сангфарш карда шуд. Ин иқдомҳои наҷибу хайрхоҳона то охири сол ба иҷро расонида мешавад.