ЯКЕ АЗ ХИСЛАТҲОИ НЕКИ ИНСОНӢ –ИН ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН АСТ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ба ин хотир, санаи 11.08.2022 дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кўмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқарар карда шудааст. Ва ин нафақаи мазкур ба маъюби гурӯҳи якум Хоҷаева Саодат аз ҷониби муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ супорида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлатамон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд.