ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН” ДАР АМАЛ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро пайваста миёни қишрҳои гунонгуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.

Дар Муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии №28-и ноҳияи Восеъ дар доираи ташаббуси “Мактаби ман” корҳои ободонӣ ва аз таъмир баровардани муассиса барои соли хониши 2022-2023 идома дорад. То имрӯз 10 синфхона аз таъмири хушсифат бароварда шудааст.

Дар анҷоми соли хониши 2021-2022 аз тарафи собиқ хатмкунандагони муассисаи мазкур Бобохонов Низом, Халифаев Саймаҳмуд ва дигарон ба муассиса 150 адад миз ва 300 адад ҷойи нишаст кӯмак расонида шуд. Аз ин иқдом аҳли коллективи муассиса хеле хушҳол шуда. Миннатдории худро ба чунин шахсони саховатпеша мерасонанд.

Ногуфта намонад, ки барои аз таъмир баровардани қисми дигари муассиса кӯмак аз ҷониби шарикони рушд дар назар дошта шудааст.