ИЛМОМӮЗӢ КАСРО БА ҚУЛЛАҲО БАЛАНДИ МУРОД МЕРАСОНАД.

Восеъ:  

Санаи 11.08.2022 дар назди Қасри Фарҳанги ноҳияи Восеъ Раиси ноҳия Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ва дигар намояндагон иштирокчии олимпиадаи байналмиллалии «TEENEAGLE» Омина Худойқуловаро истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳия Шарифзода Ҷамшед бо хонандагони болаёқат ва гирандагони стипендияи Президентии ноҳия сӯҳбат оростанд. Дар ин мулоқот пеш аз ҳама раиси ноҳия Омина Худойқулова хонандаи Литсейи давлатии №1-и ноҳияро, ки сазовори медали тилло дар олимпиадаи бонуфузи сатҳи байналмиллалӣ гардидааст табрику муборакбод намуд ва ӯро намудаи ибрат барои хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия хонд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 31-уми июл то 7-уми августи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондони Бритониёи Кабир Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ доир гардид, ки дар он 76 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд ва Омина Худойқулова дар ин олимпидаи бонуфуз соҳиби медали тилло гардида парчами Тоҷикистонро дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон боло бардошт.

Дар идома раиси ноҳия Шарифзода Ҷамшед ба хонандагоне, ки дар озмунҳои гуногун иштирок намуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд бо Диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ намуда, ба таҳсилу фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳову комёбиҳоро таманно намуданд.