Машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

Восеъ:  

Дар толори Қасри Фарҳанги ноҳияи Восеъ машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар ин чорабини Раиси ноӽияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳон, собиқ мудири маорифи ноҳия Орифзода Муҳаммад, роӽбарони ташкилотӽои ибтидои ӽизбӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва кормандони Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ иштирок намуданд.Пеш аз оғози машварат иштирокдорон аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия дидан намуданд.

Дар ин чорабини масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф баррасӣ гардида, зимни баромадҳо бори дигар иброз гардид, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, дар мадди назари Ҳукумату мамлакат қарор дорад ва ба ин  соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ  дода мешавад.

Дар идома аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽия Сафар Ӽафиза Разоқ ба роӽбарони ташкилотӽои ибтидоии ӽизбӣ ва якчанд омӯзгорони ҷавон, ки аъзоёни фаъоли ҲХДТ мебошанд, барои иштироки фаъолона дар чорабиниӽои ӽизбӣ ва саӽмгузорӣ дар амали гардониданӣ ӽадафӽои барномавии ӽизбӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ӼХДТ қадрдонӣ карда шуданд.