ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ НИЗ ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲО ФАЪОЛАНД

Восеъ:  

Таҷрибаи сокинони меҳнатдӯсти ноҳия дар истифодаи замин, муҳиммияти захираи маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзии мамлакат боиси таҳсин аст. Сокинони ноҳия фаровонии маҳсулотро самараи меҳнати содиқона дар самти истифодаи мақсадноки қитъаи заминҳои бекорхобида маънидод менамоянд.

Бояд қайд намоем, ки дар баробари сокинони меҳнатдӯст ва деҳқонони асисли ноҳия кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия низ дар самти истифодаи мақсаднок ва самараноки заминҳои бекорхобидаи назди ташкилотҳо хеле фаъоланд. Ба ин мисол шуда метавонад ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии  “Шуғли аҳолии ноҳия”. Масъулини ташкилоти номбурда замини назди ташкилотро самаранок истифода намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд ва барои кишти такрорӣ заминро омода карда истодаанд.

Зимни сӯҳбат бо масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ онҳо иброз доштанд, ки танҳо дар ҳолати таҳти назорати қатъии доимӣ ва ҷиддӣ қарор ёфтани замин метавон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, зиндагии шоистаи хешро дар сатҳи олӣ ба роҳ монд.