Коррупсияро бояд решакан намоем!

Восеъ: Андеша  

Коррупсия ба мисли таърих хеле қадима буда дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа мегардад, оромиву суботро халалдор сохта, боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ коста мегардонад.

Тибқи сарчашмаи луғавӣ истилоҳи “коррупсия” (“corruption”) дар тарҷума аз забони лотинӣ маънои “вайронкунӣ, паст рафтан, моилшавӣ ба ришва”-ро дорад. Имрӯз низ коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балкӣ ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи  шаҳрвандӣ  низ  дониста  мешавад.

Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  муборизаи  пайваста бурдан  бо  ин  зуҳроти  номатлубро таъкид  намуда, зимни  суханронӣ  дар  ҷаласаи  Шӯрои  ҷамъиятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз доштанд, ки “Яке аз хатарҳое, ки  метавонад  ба  раванди  рушди  устувори  давлат  монеа  гардад  ва  ба  эътибору  обрӯи   он дар арсаи  байналмилалӣ  таъсири  манфӣ  расонад,  коррупсия  мебошад.”

Имрӯз зарур аст, ки  барои  паст кардани  сатҳи коррупсия  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  низ  дар  канор  набошад  ва  барои  мубориза  бар  зидди ин  кирдори  нангин  бо  сохторҳои  давлатӣ  бештар  ҳамкорӣ  намоем. Маҳз ин таъкидҳои Пешвои миллат, моро водор месозад, ки бар зидди ҳамагуна амалҳои номатлуби ҷомеа худро масъул шуморида мубориза барем.  

Иботов Диловар,  мудири бахши омор ва  маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ