ДАСТИ ДАРМОНДАЕРО ГИРИФТАН АМАЛИ ХАЙР АСТ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти дармондаеро гирифтан, ба ӯ кӯмак кардан аз хислатҳое мебошанд, ки неку писандида ва яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастуру ҳидоятҳояшон, аз ҷумла дар Паёмҳои худ ба масъалаҳои эҳсонкорӣ, хайрхоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, соҳибкорону ашхоси саховатпешаро ба ободонии мамлакат ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ашхоси дармонда ҳидоят менамоянд. Пешвои миллат қариб ки дар ҳар як вохӯриҳои худ бо халқ борҳо таъкид намудаанд, ки ҳар як амали неку созанда савоби зиёде дораду сари ятимеро сила намудан ва эҳтиёҷи дармондаеро бароварда кардан дари биҳиштро ба рӯи шахси саховатпеша боз месозад.

Соҳибкор Азизов Саймухтор аз ҷумлаи нафарони хайрхоҳу саховатпешаи ноҳияи Восеъ ба ҳисоб рафта, пайваста дасти дармондагону бечорагон, эҳтиёҷмандону ниёзмандон ва ятимонро мегирад. Субҳи санаи 19.07.2022 ба як нафар сокини ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакии ноҳия, ки синнашон аз 80 гузаштаасту таку танҳо зиндагӣ доранд, бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва бо дастгирии соҳибкори номбурда кӯмаки молиявӣ расонида шуд.