ОМОДАГИҲО БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ НАВ ҶАРАЁН ДОРАНД

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ баҳри омода намудани муассисаҳои таълимии ноҳия барои соли нави таҳсил корҳои тамирӣ ва рангубор вусъати тоза гирифта истодаанд.

Дар ин росто, муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия ба соли нави хониши 2022-2023 омодагии хуб дида, аксарияти синфхонаҳоро аз таъмири ҷорӣ баровардаанд. Ҳоло бошад, корҳои рангуборкунии даҳлезу роҳравҳо ҷараён доранд.

Мавриди зикр аст, ки ин амали нек бо ташаббуси фаъолон, падару модарон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ сурат гирифта, чунин корҳои таъмирӣ ва амалҳои хайрхоҳона дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия бомаром идома дошта, дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд, ки ин ҳама заҳматҳои волидону омӯзгорон баҳри хуб таҳсил намудани наврасону ҷавонони ояндасози кишвар мебошанд.