Омодагӣ ба соли хониши нав

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ омодагиҳо барои соли хониши нав ҷараён дорад. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз ҷараёни омодагиҳо ба соли хониши нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Восеободи калони ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳияро дидан намуданд.

Бояд қайд намоем, ки коллективи омӯзгорон дар корҳои таъмиру тармим саҳми назаррас доанд. Ба муассисаҳои таълимӣ барои расонидани ёрии амалӣ дар таъмири муассиса собиқ хатмкунандагони ин даргоҳ ҷалб карда мешаванд.

Зимнан зимни боздид роҳбарияти муассиса қайд намуданд, ки таълиму тарбияи насли ҷавон ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсил ба онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбад. Ҳамзамон иброз гардид, ки дар рӯзҳои наздик корҳои азнавсозӣ ба анҷом расида, муассисаи мазкур ба соли хониши нав пурра омода мегардад.