Роҳҳо ҳамвор мегарданд

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ҳамвор намудани роҳҳо бо истифода аз боду ҳавои мусоид ташкилоти ибтидоии “МНДРА” (ДЭУ) –и ноҳияи Восеъ роҳҳои нақлиётгузарро таъмир намуда, инчунин аломатҳои роҳ ва истгоҳҳоро низ рангу бор карданд. Зимнан ташкилоти номбурда бо мақсади дар амал татбиқ намдуни Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар якҷоягӣ бо аъзоёни фаъоли ҳизбӣ баҳри ободу зебо намудан ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мунтазам корҳои созандагиро ба иҷро мерасонад. 

Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Восеъ барои таъмир ва роҳсози шароити хуб муҳайё мебошад. Зеро дар ноҳия корхонаи коркард ва истеҳсоли сангу шағал ва омехтанамои онҳо бо мум фаъолият намуда, мутахассисон ва нақлиётҳои лозими мавҷуд мебошад.