Ташаббусҳои ҳизбӣ ҷараён доранд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилотҳои ибтидоии Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташабусҳои ҳизбӣ ва бо ин васила саҳм гузоштан дар таъмири муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар маҳаллу деҳот бо таври дастаҷамъона роҳандозӣ гардида истодаанд.

Ин навбат бо дастгирии аъзои фаъоли ҳизбӣ дар муассисаи таълимии №17-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия корҳои таъмиру азнавсозии синфхонаҳо оғоз гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Роҳбарияти муассисаи таълимӣ иброз намуд, ки мо аъзоёни фаъоли ҲХДТ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои хонандагон шароити хубӣ таҳсилро фароҳам орем ва ин иқдоми некро минбаъд низ баҳри ҷавонони ояндасозӣ кишвар идома хоҳем дод.