Корҳои таъмиркунии муассисаҳои таълимӣ оғоз гардиданд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар иртибот бо дастуру супоришҳои Пешвои муазззами миллат, ки моҳи феврали соли ҷорӣ бо фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардида буд корҳои ободонӣ, таъмиру тармим ва истифодабарии қитъаҳои замини назди муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Восеъ вусъати тоза ба тоза касб намуда истодааст.

Дар мактаб интернати хонандагони лаёқатманди деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ корҳои ободонӣ ва таъмири муассиса дар якҷоягӣ бо дастгирии омӯзгорон бо маром идома дорад.

Хобгоҳи се ошёнаи муассиса, ки иборат аз 51 ҳуҷра ва роҳраву даҳлезҳо иборат аст, аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда дар бинои таълимӣ корҳои таъмиркунӣ  ҷараён дорад.