КОРҲОИ ОБОДОНӢ МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Маркази”-и ноҳияи Восеъ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба ҳашари умуминоҳиявӣ баромаданд.

Ҳашарчиён дар назди бинои беморхона ба корҳои тозакунию тамизкори, рубучини роҳраву гулгаштҳо машғул гардида мавзеи барои гаштугузори одамонро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карданд. Ҳамзамон аз тарафи кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани атрофи беморхона корҳои нарм намудани зери дарахтонро ба сомон расониданд. Аз ҷониби кормандони ин ташкилот тасмим аст, ки чунин ҳашарҳои ободониву хуррамгардонӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт.