АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб ҳар ҳафта ҳашарҳои дастаҷамъона бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, барои ободу зебо гардонидани ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ дошатни кӯчаву хиёбонҳои маркази ноҳия ва гулгашту майдонҳо доир карда мешавад.

Ин навбат аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи Маориф” бахшида ба истиқболи рӯзи "Ваҳдати миллӣ " ба ҳашари дастаҷамъона баромада, саҳни муассисаро аз ҳар гуна партовҳо ва алафҳои бегона тозаву озода намуда, ҳамзамон бехҳои дарахтон ва гулҳои ороиширо нарм намуданд ва саҳми арзандаи хешро дар ободии ташкилоти мазкур гузоштанд.

Бояд зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории чунин ҳашарҳои дастаҷамъона тақвият бахшидани ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю озода гардонидани ноҳия ба ҳисоб меравад.